Электронная библиотека диссертаций и авторефератов России
dslib.net
Библиотека диссертаций
Навигация
Каталог диссертаций России
Англоязычные диссертации
Диссертации бесплатно
Предстоящие защиты
Рецензии на автореферат
Отчисления авторам
Мой кабинет
Заказы: забрать, оплатить
Мой личный счет
Мой профиль
Мой авторский профиль
Подписки на рассылки



расширенный поиск

Мавлави Джунуни и его Маснави "Ма, Дан-Ул-Хол" Нодири Саидахмад Ходизода

Мавлави Джунуни и его Маснави
<
Мавлави Джунуни и его Маснави Мавлави Джунуни и его Маснави Мавлави Джунуни и его Маснави Мавлави Джунуни и его Маснави Мавлави Джунуни и его Маснави Мавлави Джунуни и его Маснави Мавлави Джунуни и его Маснави Мавлави Джунуни и его Маснави Мавлави Джунуни и его Маснави
>

Данный автореферат диссертации должен поступить в библиотеки в ближайшее время
Уведомить о поступлении

Диссертация - 480 руб., доставка 10 минут, круглосуточно, без выходных и праздников

Автореферат - 240 руб., доставка 1-3 часа, с 10-19 (Московское время), кроме воскресенья

Нодири Саидахмад Ходизода. Мавлави Джунуни и его Маснави "Ма, Дан-Ул-Хол" : Дис. ... канд. филол. наук : 10.01.03 Душанбе, 2004 171 с. РГБ ОД, 61:05-10/236

Содержание к диссертации

Мукаддима 4-9

Боби 1 ИЩИРОЗИ ИДЕОЛОГИЯМ ДИНИИ ХУКМРОН ВА ПУРЗУР ШУДАНИ РУХИ МУХОЛИФАТГАРИ ВА БИДЪАТ ДАР ХАЁТИ СИЁСИЮ И^ТИМОЙ ВА АДАБИИ МОВАРОУННАХР ДАР НИМАИ ДУЮМИ АСРИ XIX 10-34

Боби П. РУЗГОР ВА ОСОРИ МАВЛАВИИ ЧУНУНЙ

1. Зиндагиномаи Мавлавии Ч,унунй 35-53

2. Мероси адабии Чунунй

а) Тавсифи нусхахои хаттии осори Чунунй 53-61

б) А^соми шеърй ва мухтавои осори бадеии Мавлавии Ч,унунй 61-76

Боби III. СОХТ ВА МУНДАРИЧАИ «МАЪДАНУЛХОЛ»-И МАВЛАВИИ ЧУНУНЙ

1. Маъхазхои «Маъданулхол» 77-95

2. Сохт ва мазмуни «Маъданулхол»

2.1. Банду бает ва ягонагии асар 95-110

2.2. Мундаричаи китоби «Маъданулхол» 110-111

а) Мундаричаи дафтари якуми «Маъданулхол» 111-119

б) Мундаричаи дафтари дуюми асар 119-128

в) Мундаричаи дафтари сеюм 128-136

г) Мундаричаи дафтари чахорум 136-139

Мухтассоти вазни «Маъданулхол» 139-154

3. Хулоса 154-160

Фехристи адабиёт 162-171 

Введение к работе

Дар таърихи афкори адабии халки тоник карни XIX яке аз мархилахои мухим ва сермахсул буда, аз лихози мазмуну мундарича ва чихатхои сабкиву услубии худ дорой хусусиятхои фарккунанда мебошад. Аз лихози теъдоди шоиру нависандагон низ давраи мазкур яке аз мархалахои пурсамар буда, ба майдони адабиёт Ахмади Дониш, К ори Рахматуллохи Возех, Абдулкрдирхочаи Савдо, Шамсиддини Шохин, Мирзо Сирочи Х,аким, Мирзо (Годики Муншй, Ч,унайдуллохи Х,озик, Мухаммадшарифи Гулханй, Нозили Хучандй ва дигаронро оварда тавонистааст.

Дуруст аст, ки адабиёти кдрни XIX Мовароуннахр ва рузгору осори намояндагони алохидаи он дар тадкикоти пурарзиши адабиётшиносон Р. X. Хрдизода (154), С. Амиркулов (81), У. Каримов (112), Т. Неъматзода (135), А. Н. Болдырев (95), С. Сиддиков (11), X. Мирзозода (128), И.С. Брагинский (92), Н.Маъсумй (123), А. Кдюмов (152), Э. Шодиев (149), Р. Арзибеков (83) ва дигарон мавриди тахлилу тадкик, карор гирифтааст. Хдмчунин дар бораи баъзе лахзахои рузгору осори намояндагони давраи мазкури тахаввули адабиёти Мовароуннахри асри XIX дар «Тухфатулахбоб»-и Возех, «Мачмуаи шоирон»-и Фазлии Намангонй, «Мунтахабуттаворих»-и Х,очй Х,акимхон, «Тазкиратушшуаро»-и Мухтарам, «Гулшанулмулук»-и Мухаммад Яъкуб, «Тазкиратушшуаро»-и Хдшмат, «Тазкиратуш-шуаро»-и Абдй, «Тазкорулашъор»-и Садри Зиё ва баёзу чунгхои марбут ба ин давра низ маълумоти пуркдмат оварда шудааст.

Дар бораи вазъи сиёсй-ичтимоии давраи мазкури тахаввули адабиёти Мовароуннахр дар осори илмй-тадкикртии А. М. Баховаддинов (94), 3. Рачабов (143), БТафуров (159), И. Муминов (132), маълумоти кофй метавон ба даст овард. Хамчунин дар «Намунаи адабиёти точик»-и С. Айнй, маколаву гузоришоти чудогонаи А.Мирзоев, Ш. Х,усейнзода, X. Мирзозода, Р. Мукимов, Г. Галимова, Э.

Шодиев, М. Крдирова, С. Султонов, Р. Фозилова, К. Ёкубов ва дигарон низ дойр ба адабиёти карни XIX Мовароуннахр ва рузгору осори намояндагони он мулохизоти чолибе изхор карда шудааст.

Бо вучуди ин, иддае аз масоили мухими марбут ба адабиёти карни XIX Мовароуннахр дар адабиётшиноси ва шаркшиноси хануз ба таври кофй тахлилу тадкик нагардидааст. Алалхусус мероси адабии теъдоди зиёде аз намояндагони адабиёти ин ахд, хануз хам тахлилу баррасй нагардида ва шархи холу осори онон баркарор карда нашудааст. Маълум аст, ки бе омузиш ва баррасиву нашри зиндагинома ва мероси адабии шоиру нависандагон тадкики кофй ва хамачонибаи хаёти адабии мархалаи мазкури таърихи адабиёти точик аз имкон берун аст.

Яке аз масоили мухими дигари мутааллик ба адабиёти ин давра, ки хануз кариб куллан дар маърази тахкики адабиётшиносон гузошта нашудааст, тахкики вазъи адабиёти динй-тасаввуфй ва баррасии осори намояндагони он дар давраи мазкур махсуб мегардад. Бояд ёдовар шуд, ки дар бораи вазъи динй ва тасаввуфии адабиёти ин давр ва осори баъзе намояндагони он, аз кабили «Х,адоик-ур-расул» ва «Х,айратангез»-и Носехи Хатлонй, ашъори динй-тасаввуфии Султонхочаи Адо, Шох Ахмади Ниёз, Мухаммад Тохирхочаи Зарир, Афзал Махдуми Пирмастй адабиётшиносони точик Р. X. Хрдизода (154), С. Амиркулов (81) ва дигарон ба таври мухтасар изхори мулохиза кардаанд.Вале хануз дар адабиётшиносии точик тадкикоти монографие, ки вазъи адабиёти динй-тасаввуфй ё осори намояндагони алохидаи онро мавриди тахлилу баррасии махсус карор дода бошад, ба миён наомадааст. Алалхусус, рузгору осори баъзе намояндагони он, аз кабили Мавлавии Ч,унунй, ки дар ин давраи таърихи адабиёти Мовароуннахр зиндагй ва эчод кардаанду мавзуи асосии осорашон таргиби ахлоку тасаввуф будааст, куллан аз мадди назари мухаккикон ва адабиётшиносон дур мондааст.

Бо вучуди он, ки Мавлавии Ч,унунй яке аз шахсиятхои боризи динй ва шоири суфимашраби пурмахсули карни XIX махсуб мегардад, рузгор ва мероси адабии у то солхои наздик мавриди таваччухи мухаккикон карор нагирифтааст. Аз интихои карни бистум баъди сохибистиклол гардидани Точикистон ва фарохам омадани имкони озодандешй ва истиклоли фикрй нашру тахкики осори диниву мазхабии гузаштагон ривоч пайдо намуда, бар асари ин соли 1996 дар Техрон бо мукаддимаи профессор Абдунабй Сатторзода ва Мавлавй Махмудчони Турачонзода китоби «Маъданулхол» -и Мавлавии Ч,унунй ба табъ расид. Пас аз муддати кутохе, яъне соли 2002 бо тасхех ва такдиму тавзехи Исмоил Абдулваххобзода Кдххорй дар Душанбе девони ашъори Чунуяй низ чоп карда шуд. Х,амин тарик, имкони пажухиш ва баррасии боз як шахсияти адабй ва мазхабии карни XIX Мовароуннахр фарохам омад.

Аз ин хотир тахкику баррасии хусусиятхои гоявию бадеии «Маъданулхол»-и Мавлавии Чунунй ва пажухиши рузгору осори у дорой арзиши мухими илмй ва назарй буда, дар тахкики хусусиятхои адабиёти диниву тасаввуфии карни XIX Мовароуннахр икдоми чиддие махсуб мегардад. Зимни тахкики мавзуи рисола мо тасмим гирифтем, ки бори нахуст дар адабиётшиносй вазъи динй ва тасаввуфии карни XIX Мовароуннахрро равшан намуда, зиндагиномаи то кадри имкон муфассали Мавлавии Ч,унуниро баркарор намоем, шарху тавзехи мухимтарин осори фикрии ур° мавриди баррасй карор дихем, хусусиятхои гоявию бадеии яке аз бузургтарин осори шоир «Маъданулхол»-ро муайян намоем.

Максаду хадафхои дар назди мо гузошташуда такозо менамояд, ки вазифахои зеринро ичро намоем:

-тахкики масъалаи икирози идеалогияи динии хукмрон ва пурзуршавии рухи мухолифатгарй дар хаёти сиёсй, ичтимой ва адабии Мовароуннохр дар нимаи аввали асри XIX

-баркарор намудани зиндагиномаи хаддалимкон муфассали Мавлавии Ч унунй

-шарху тавзехл мероси адабии шоир

-таъйрши маъхазх,ои «Маъданулх,ол»-и Мавлавии Ч,унунй

-тахдики мавзуъ ва мундаричаи асар

-баррасии банду басти «Маъданулх,ол»

-муайян намудани мухтассоти вазни асар

Ба сифати маводи асосии адабии тахкики осори Мавлавии Чунунй нашри «Маъданулх,ол» (27) ва девони шоир (9) ва нусхахои дасхати осори шоир мавриди истифода карор дода шуд.

Хднгоми тахдики мавзуи рисола, мо бо усули тадкики киёсй-таърихй, ки дар тачрибаи адабиётшиносии муосир маъмул аст, такя намуда, барои таъйину тахкики маъхазх,ои «Маъданулх,ол», мухтассоти вазни он ва банду басти асар ба осори бадеии гузаштагони Ч,унунй аз кабили «Х,адикатулхакикат»-и Саной, «Мантикуттайр»-и Аттор, «Варка ва Гулшох,»-и Айюкй, «Маснавии Маънавй»-и Ч,алолиддини Балхй, «Ушшокнома»-и Фахриддини Ирок.й, «К иронуссаъдайн»-и Амир Хусрав, «Чдвхари фард»-и Абдибеки Шерозй ва соири онх.о мурочиат намуда, тахлилу тадкики «Маъданулхол»-и Ч,унуниро дар киёси осори мазкур максади худ карор додем.

Хдмчунин барои таъйини манбаъ ва маншаи кдссаву ривоёт, саргузашти паёмбарону авлиёуллох,, матолиби таълимии тасаввуфй ва гайра ба Куръону ах,одис, «К,асасуланбиё», «Таърихи Табарй», «Табакртуссуфия»-и Абдуллохи Ансорй, «Асроруттавхид фй макомоти Шайх Абисаъид»-и Мухаммад ибни Мунаввар, «Таз-киратулавлиё»-и Шайх Аттор, «Тамх,идот»-и Айнулкузоти Х амадонй, «Нафахотулунс фй х,азаротилкудс»-и Абдурахмони Ч,омй ва дигар китобх,ои таърихи ва диниву тасаввуфй мурочиат намуда, аз онх,о низ чун маводи зарурй истифода намудаем.

Осори илмй-тадкикртии мухак.кик,он ва адабиётшиносон А. М. Мирзоев, X. Мирзозода, И.С. Брагинский, А. Н. Болдырев, Р. X,. Хддизода, С. Амиркулов, У. Каримов, Т. Неъматзода, С. Сиддик.ов ва дигарон, ки дар бораи масъалах,ои мухталифи таърихи адабиёти тоник дар карни XIX ва осори намояндагони он изхори мулохиза намудаанд, зимни таълифи рисолаи тадкикотии мо ба сифати асоси назарияви ва методологи хидмат намудаанд.

Сохтори рисолаи мо аз мукаддима, се боб, хулоса ва фехристи адабиёти истифодашуда иборат буда, дар мукаддима дар бораи дарачди омузиши мавзуъ, максаду вазифахои тахкик, бунёди назарияву методологи ва ахамияти илмиву амалии мавзуи интихобгардида, маълумотдода шудааст.

Бо назардошти он ки тахкики рузгору осор ва афкору орои хар як намояндаи адабиёт бе омузиши вазъи ичтимоиву сиёсй ва фархангии замони у имконнопазир аст, фасли нахустини рисолаи мо ба тахкики вазъи ичтимоиву фархангии замони Мавлавии Ч,унунй ихтисос дода шуд.

Боби дуюми рисола аз ду фасл иборат гардида, дар фасли нахустин зиндагиномаи то хадди имкон муфассали Мавлавии Ч,унунй баркарор карда шуда ва дар фасли дуюм мухимтарин осори адабии шоир мавриди тахлилу тадкик карор гирифтааст.

Бо назардошти он, ки хадафи асосии рисолаи мо тахкики хусусиятхри гоявию бадей ва сохтории асари бузургхачми Мавлавии Ч,унунй- «Маъданулхол» мебошад, боби сеюми рисолаи мо ба тахлилу тадкики муфассал ва хамачонибаи асари мазкур бахшида шуда, дар он чанбахои мухталифи асар аз кабили маъхазхо, вазн, сохтор, мундарича ва соири он мавриди баррасй карор гирифтааст.

Х,амин тарик, мо тасмим гирифтем, ки рисолаи нахустини тадкикотие дар бораи рузгор ва осори Мавлавии Чунунй анчом дихем ва хусусиятхои асосии махсули адабии ин шоири мутасаввифи карни XIX Мовароуннахрро муайян намоем. Ба андешаи мо, натичах,ои чунин тахкикро метавонад хангоми таълифи таърихи адабиёти карни XIX Мовароуннахр, таълифи китобхои дарсй ва дастурхои таълимй дойр баадабиёти давраи мазкур, хондани лексия ва курсу семинарной махсус истифода бурдан мумкин аст.

Х амчунин ин гуна тадкдкрт дар омузиши минбаъдаи адабиёти динй-тасаввуфии кдрнхои XVI-XIX Мовароуннахр ва осори фикрии намояндагони алохидаи он аз икдомоти нахустин буда, тахдики минбаъдаи ин мавзуъ дар муайян намудани хусусият ва конуниятхои тахаввули адабиёти динй-тасаввуфй дар Мовароуннахр сахми муассире хохад буд.