Электронная библиотека диссертаций и авторефератов России
dslib.net
Библиотека диссертаций
Навигация
Каталог диссертаций России
Англоязычные диссертации
Диссертации бесплатно
Предстоящие защиты
Рецензии на автореферат
Отчисления авторам
Мой кабинет
Заказы: забрать, оплатить
Мой личный счет
Мой профиль
Мой авторский профиль
Подписки на рассылки



расширенный поиск

Жанрово-тематические особенности очерков Фазлиддина Мухаммадиева Шоев Махмудхон Эргашевич

Жанрово-тематические особенности очерков Фазлиддина Мухаммадиева
<
Жанрово-тематические особенности очерков Фазлиддина Мухаммадиева Жанрово-тематические особенности очерков Фазлиддина Мухаммадиева Жанрово-тематические особенности очерков Фазлиддина Мухаммадиева Жанрово-тематические особенности очерков Фазлиддина Мухаммадиева Жанрово-тематические особенности очерков Фазлиддина Мухаммадиева Жанрово-тематические особенности очерков Фазлиддина Мухаммадиева Жанрово-тематические особенности очерков Фазлиддина Мухаммадиева Жанрово-тематические особенности очерков Фазлиддина Мухаммадиева Жанрово-тематические особенности очерков Фазлиддина Мухаммадиева
>

Данный автореферат диссертации должен поступить в библиотеки в ближайшее время
Уведомить о поступлении

Диссертация - 480 руб., доставка 10 минут, круглосуточно, без выходных и праздников

Автореферат - 240 руб., доставка 1-3 часа, с 10-19 (Московское время), кроме воскресенья

Шоев Махмудхон Эргашевич. Жанрово-тематические особенности очерков Фазлиддина Мухаммадиева : Дис. ... канд. филол. наук : 10.01.03 : Душанбе, 2003 165 c. РГБ ОД, 61:04-10/462

Содержание к диссертации

Мукаддима З

Боби 1. Навъхои очерк дар насри мустанади Фазлиддин Мухаммадиев , 18

1.1. Очерки проблемавй ] 28

1.2. Очерки портрети 38

1.3. Очерки сафари Л 51

Боби 2. Foh ва мавзуи очеркхои Фазлиддин Мухаммадиев 60

2.1. Мавзуи истехсолй дар очеркхои Ф. Мухаммадиев 62

2.2. Очеркхо дар мавзуъхои маишй ваахлок. 78

    1. Мавзуи маорифу маърифат дар очеркхои Ф. Мухаммадиев 92

Боби 3. Поэтикаи очеркхои Ф. Мухаммадиев 106 .

3.1. Образ ва портретхои кахрамон 108

3.2. Услуб ва махорати нигорандагй 135

Хулоса 155

Фехристи адабиёт 162 

Введение к работе

Насри мустанад як бахши мухими фарханги точикй дар асри XX мебошад. Вай дар чои холй ба вучуд наомадааст ва таърихи тулоние дорад. Дар гузашта насри мустанад бо ифодахои илмию ихтисосии мактуб, макола, сафарнома, вакоеънома, солнома, ахбор, хадис, таърихнома, муросила, асархои тарчумаихолй ва гайра ёд. шудаанд (7. 38, 94-103. 62, 38-127). Аломатхои умумии насри мустанади тоник, аз руи кайди мухаккикл насри хуччатй А. Саъдуллоев хануз дар асри X ва пені аз он ба мушохида расидааст(76,67-94).

Аз руи маълумоти тадкикотхои адабиётшиносй дигаргунихои чиддие, ки дар асри XIX.ва махсусан нимаи дуввуми он дар хаёти сиёсиву иктисодй ва фархангии Эрон, Афгонистон, Туркияи Усмонй ва хатто Осиёи Миёна сурат гирифтанд, боиси паидоиши адабиёти нав шудааст, ки огози онро ба солхои 80-90-уми асри XIX иртибот додан дуруст мебуд. Бархамхурии сохти феодалй ва руй овардани кишвархои марбута Фа суй чомеаи сармоядори дар ин давра ба хайси як падидаи мусбат дар тадкикотхои олимони хоричй ва ватанй пазируфта шудааст (7). Падидаи мазкур дар рушду такомули адабиёту фарханги минтака таъсири назаррас расонда ва дар хамин замина адабиёти нав хам пайдо шудааст. Яке аз нишонахои зохиршавии онро дар паидоиши нахустин навъхои насри мустанад ба мушохида гирифтан мумкин аст. Дар ин чода мавкеи маорифпарварони ин кищвархо, пеш аз хама, равшангароёни Эрону Афгонистон, монанди Сайид Чдмолиддини Асадободй, Мирзо Малкумхон, Махмуде Тарзии Афгон, Мирзо Иброхимбек, Мирзо Сироч ва амсоли онон аввалдарача мебошад. Бо кушишу дастгирии ин ашхос рузномаю мачаллахои форси таъсис ёфтанд, ки аз тарики он хамватанони худро бо рузгори пешрафтаи кишвархои дигар ошно месохтанд1.

Асархои тарчумавй барон насри мустанади муосири точик ба хайси заминай дигари фархангй хизмат кардаанд, ки бо номи намунахои назму насри адабиёти итолиёиву фаронсавй, инглисиву русй ва гайра шинохта шудаанд.

Дар такомули насри мустанади муосири точик дар катори жанрхои саёхатнома, макола, фелетону лавха жанри очерк низ хиссагузор аст. Ру овардан ба жанри очерк ва истифодаи чузъиёти он дар дигар жанрхо аз талаботи давр cap зада буд. Адибон мудом руйдодхои мавчударо омухта, аз мушохидаю дидахои • мустакимашон аз хает истифода карда, гох бо рохи тасвири худи-вокеият ва гохо бо усули изофа кардани хостахои хеш ба вокеият фикру мулохиза ва хулосахояшонро баён менамуданд. Дар ин рох ба адибон жанри очерк созгор омадааст.

Очерк жанри насри вокеъгароёна ё хуччатй буда, зиндагиро дар пахнои мухташам ба тасвир гирифта, рочеъ ба масъалахои умда ва халталаби замон андеша меронад ва онро тарзе пешкаш менамояд, ки зимни баёнаш чехраи кахрамон низ пеши назар падид меояд. Очерк чун жанри тахкиклю бадей ба публисистика ва адабиёт • хизмат намуда, ба ибораи В. Овечкин «агар хамаи адабиёт дар-чабхаи муборизаи идеологи армияи хучумкунанда бошад, очерк гурухи на чандон. калони чобуки чуяндагонест, ки хеле пені фиристонида шудааст» (57).

Аввалин намунахои очерк ба маънии имрузй дар Аврупои Гарбй арзи. вучуд кардаанд. Мачаллахои «Болтун» (1701 - 1717), «Зритель» (1711 - 1714) нахустин бор маводеро нашр намуданд, ки аз нигохи шеваи баён ба очерк монандй дошт. Нависандагони англисзабон Стил ва Хддисон дар навиштахои худ саъй менамуданд, • ки мавзуъ аз хар чихат ба хакикдт наздик баён шавад, инсон ва зиндагии у вокей инъикос ёбад. Ин тарзи баёнро баъдтар нависандагони Олмон, Италия ва Россия дастгирй карда, дар нигоштахои худ вокеияти зиндагиро дар сурати хос инъикос менамуданд.

Солхои 30-40-и асрй XIX жанри очерк.дар Фаронса ва Олмон инкишоф ёфта, ба силохи неруманди таблиг ва омодасозии мардум барои дигарсозихои куллй табдил ёфт. Нишонахои ин жанрро дар навиштахои чартистони англис низ пайдо намудан мумкин аст. • Онхо аз очерк барои таблиги ахдофи худ истифода кардаанд.

Дар асри XIX дар Россия шакли тозаи очерк ба вучуд омад, ки дар он вокеият ба тарзи динамики ва дар холи инкишоф нишон дода мешуд. Нависандагони ин гуна матолиб хаёти сиёсии чомеаро тасвир карда, бештар дикдати худро ба он равона намуда буданд, ки фактхои гуногуни хаётиро ба зиндагии инкдлобй пайванд созанд.

, Рушду такомули адабиёти хуччатии муосири точик ва аз чумла, очерки муосири точик бо ташаккули матбуоти ин миллат робитаи ногусастанй дорад, ки огози чунин ибтикороти эчодй -нимаи аввали солхои дахуми асри бист - давраи пуравчи пайдоиш-ва тахаввули матбуоти точик ба маънои имрузааш буд. Дар сахдфоти «Бухорои тариф» (11.03.1912), «Оина (20.08.1913), «Рузномаи бахри Хазар» (14.12.1914), «Садои Туркистон» (04.1914), «Иштирокиюн» (06.1918), «Шуълаи инкилоб» (10.04.1919) публисистони шинохта Махмудхочаи Бехбудй, Абдурауфи Фитрат, Мирзочалол Юсуфзода, Мирзо Сирочи Бухорой, Убайдуллохочаи Асадуллохоча, Мунаввар Кори, Абдурауф Музаффар, Абдулло Авлонй, Абдулхамид Сулаймон, Саидризо Ализода ва дигарон осоре ба чоп расонданд, ки дар онхо вокеият аз диди шахсияти пешнигар арзёбй мешуд ва адабиётшиносони мо онхоро бархак, яке аз омилхои • асосии ба вучуд омадани жанрхои насри мустанад донистаанд1. Махсусан, дар асари машхури Мирзо Сироч «Тухафи ахли Бухоро» (1910), ки баъди сафархои тулонй ба китъахои Аврупову Осиё, Африкову Х,инд таълиф шуда буд, нишонахои очерки сафари басо возех мушохида мешаванд. Дар асари Абдурауфи Фитрат «Мунозира» (1909) ва «Баёноти сайёхи Х,инд» (1911-1912) низ тахкики вокеият ба назар мерасад. "Бояд кайд кард, ки дар коматафрозии насри мустанад сахми китоби Садриддин Айнй «Тахзиб - ус - -либён» низ бузург аст. Дар ин мачмуа устод порчахои насриеро шомил намудааст, ки аз нигохи сабк ва афкор ба лавха ва гунахои очеркии солхои баъдй шабохат доранд. Бо номи очерк бори аввал низ асари устод С. Айнй тахти унвони «Амирони мангитии Бухоро» («Таърихи силсилаи мангитие, ки дар Бухоро хукм рондаанд») дар 9 шумораи соли 1920 ва 18 шумораи соли 1921-и мачаллаи «Шуълаи инкилоб» ба табъ расидааст.

Тахаввулоти баъдии очерк ба фаъолияти рузноманигориву публисистии адибони точик иртиботи кавй дорад, ки огози он солхои бисту ей сураттирифта буд. Назар ба гуфтай профессор Л. Н. Демидчик адади нашри мачаллаву рузномахо дар тули солхои 1928-1937 хашт баробар афзудааст, ки ин падида дар шакл гирифтани фаъолияти адибони навкдлам аз таърихи матбуоти даврагй ба мушохида расида буд (28, 12). Дар вокеъ, фаъолияти рузноманигорй барон нерухои эчодй ба сифати мактаби бузурги асарофаринй " будааст.

Дар ин солхо бо даъвати А. М. Горкий омухтани тачрибаи харрузаи халк огоз ёфт ва дар ин замина як силсила очеркхое, ки ба тамоми рузгори шуравй иртибот дошт, эчод шуданд ва ин адибони точикро низ ба кори очеркнависй рахнамун" сохт. Мирзо Турсунзода,- Хаким Карим, алол Икромй, Рахим Чалил ва Абдусалом Дехотй ба таълифи очерк пардохтан д. Аксари осори онхо дар пайравй ба адибони забардасти хамонвактаи шуравй (М. Горкий, Н. Тихонов, Л. Леонов ва дигарон) (є) дар пайравй ба " очеркхои мачаллахои навташкил («Наши достижения») навишта шуда, усулашон аксар тасвири айнии вокеахои хаётй буд. Дар очеркхои «Колхози Коммунизм», «Тирози чахон»-и С. Айнй, «Хикоёти устоди мисриен»-и X- Карим, «Як кахрамони асри мо» - и P. Чдлил, «Зани ягонаи чумхурият»-и Ц. Икромй, «Шарафи кор»-и Алихуш, «Богбони боги мисриён»-и Хдзратй ва гайра бештар фактхои барчастаи руйдод аз диди сиёсати замон тавзех дида, аз тахайюл камтар кор гирифта мешуд.

Очерк дар солхои чилум низ ривоч. доштааст. Инкишофи он " ва истифодаи чузъиёти он дар дигар жанрхо аз талаботи давр cap зада буд. Тасвири набардгоххои Чднги Бузурги Ватанй, корнамоии чангии фарзандони шучои халк, кабл аз хама, тавассути жанри очерк сурат гирифт. Корномаи кахрамонони очеркхои Сотим Улугзода - «Як ва саду як», «Вай шахри Ленинро мудофиа мекунад», Рахим Чдлил - «Кахрамон», «Писарчон», Чдлол Икромй - «Кахрамони канори Днепр», «Достони марди танкшикан», Фотех Ниёзй - «Кабири хоитй», «Азими мерган» ва дигарон то ба имруз кимати худро гум накардааст ва ин асархо бо рухи устувори -кахрамонони худ, бо таъкиду исрори муаллифони хеш дар парвариши • эхсоси масъулиятшиносии хар як фарди чомеа роли мухим бозиданду мебозанд. Чмихати чолиби дикдати аксари ин очеркхо до дани эътибори хоса ба офаридани портрети кахрамон, ба таъкиди чузъиёти характери онхо мебошад.

Солхои баъди чанг, бахусус солхои 50-60-ум жанри очерк тахаввулоти куллй дид. Ба табъ расидани мачмуахои калони очеркхо, аз кабили «Таджикские очерки», «У подножия Памира», «Очерки», «Норак», «Айёми мо» ва гайра на танхо дар насри хуччатписанди мустанади ин давра падидаи тоза буд, балки он як мархалаи такомули ин жанрро чамъбаст кардааст. Очеркхои С Улугзода «Саёхати Бухоро бо С. Айнй», Ч,. Икромй «Оё чй бояд кард?», П. Толис «Имтихони аввалин», Ф. Мухаммадиев «Мухочирон»,. А. Сидкй «Чура - саркор» дар адабиёти точик ба • мархалаи нави вокеанигорй асос гузоштаанд. Очерк аз тахкикл факту вокеият охиста - охиста ба тахкики характер ё чузъиёти он, кушиши офаридани.симои шахсиятхои вокей пардохт.

Огози солхои 70-ум инъикоси рузмарраи вокеахои хаётй, дахолати нависандагон ба проблемахои доги руз аз масъалахои мухимми руз махсуб дониста мешуд. Дуруст аст, ки Партияи Коммунистй шарокати нависандагонро дар ичрои накдіахои хизбу Х кумати шуравй дониста, кумаки онхоро «дар юриши бузург ба суй коммунизм» хатмй медонист, яъне адабиёт мебоист дар тавсифу • таърифи хадафхои сиёсй хиссагузор мегардид. Вале чизи дигарро-хам фаромуш кардан лозим нест. Хдмон солхо азхудкунии заминхои бекорхобида шуруъ шуда, барои ободонии онхо аз кухистон оилахои зиёде «ихтиёрй» ба дашту водихо кучонда мешуданд. Ин ва дигар муаммохо боиси пайдоиши як силсила асархои хуччатй -бадей гардид, «очерк оперативтар шуд», «одамони зинда ва корхои / Ї хдкикии онхр» (Турсунзода М. Замон ва нависанда // Садои Шарк, 1961. - № 7. - С. 6.) ба тасвир кашида шуданд. Охири солхои 70-ум очеркхое арзи вучуд карда буданд, ки дар онхр вакти конкрет, макоми дуввумдарачд дошт. Дар чунин нигоштахр мухимтарин нукта ин таассуроти нависанда аз руйдод, і тафаккури муаллиф буд. Дар ин асархр на фаъолияти кдхрамон, балки худи факт типпй кунонда мешуд. Ба муаллифи чунин очеркхр -• нишон додани вокеа чун факт кам аст. Вай бояд чараёни тахкикя факт, чихатхои умдаи онро кашф намояд, ба ибораи дигар, факт умумият дода шавад, то эътибораш пеши хонанда афзояд. Ин гуна очеркхоро мо дар эчодиёти индавраинаи Ф. Мухаммадиев (« Илхом», «Подоши мукофот»), М. Нач.миддинов («Обу ободй»), Б. Муртазоев («Хонаи даре», «Киссаи мурии дудкаш»), Ш. Ханиф («Мураббй ва мураббо»), А. Рабиев («Афсонаи нави Аспанзод») ва дигарон.дучор омада метавонем. Охири солкой 70-ум ва аввали солхои 80-уми асри бист дар .. мундаричаи очерки точикй баъзе тагйиротх,ои чолибе ба мушохида. мерасад, ки он ба вокеоти изофанависй ва идеалй ба тасвир додани вокеият иртибот мегирад. Кдхрамонони ин гуна асарх,о шахсони фидоии кор, механпарастони ашаддй буда, илло ба кори давлату супориши партия дигар хеч, мукддцасотеро нам еписанданд. Ин ххшат дар очеркх ои М. Мавлабиев (42), Ато Хдмдам (8), Шералй Мусо (95) ва гоххо хатто дар очеркхои К. Мирзоев, М. Начми ддинов, А. Саъдуллоев низ мушохида мешавад. Масалан, кахрамони А . Хдмдам аз очерки «Хандаи бахт» то ба хона расидан .. ба бештар аз чихил объект рафта, аз вазъи кор огохй гирифта,. х.алоку шалпар ба манзил медарояду хатто хднгоми пухтупаз аз вазъи пахтазор андеша меронад. і Очерки солхои 80-ум ва солхои баъдии асри гузашта аз нигохи кайфияти умумй ва банду баст чизи наве ба худ зам накард.. Умумият додани факт, дахолати мустаким ба сарнавишти кдхрамон,-мавзуи тахкики бадей kapop додани зиндагиномаи ахли илму фарханг аз хусусиятхои фарккунандаи очеркхои солхои охири адабиёти точик ба шумор меравад.

ІНамунаи бехтаригіи очеркро ба адабиёти муосири точик-Фазлиддин Мухаммадиев дохил намудааст. У ба майдони адабиёт бо мавзую масъала ва услуби хоси эчодии худ дохил шуда, ба рохе, ки дигарон тай накардаанд, пеш рафт. Проблемахои мухими замони хозира, масъалахои тараккиёти хочдгии халк, хаёти коргарон,. колхозчиён ва зиёиён, зухуроти муносибатхои нави чдмъиятй, ки дар майдони мехнат ва мухйти оила вокеь мегардад, дар маркази эчодиёти нависанда меистанд Ин нуктаро Абдухолик Набиев чунин кайд кардааст: «Ф. Мухаммадиев ба маънои томи ин сухан аз эчодкорони нав буд, ки "махз дар шароити сотсиализм ташаккул ёфта, дар навиштахои худ чихатхои пуркувват, пасту баландихои і умуман ин ч,омеа ва алалхусус аиеми худро инъикос намудааст. Сахмгирии у дар таквияти хаклкати бадей, рухшиносии инсон, гановати шаклй ва жанрии адабиёти солхои 50 ва аввали 80. сазовори он аст, ки уро ба сифати нависандаи колабшикане, тозанигор ва ибтидокори як тамоюли услубй - услуби реализми психологии серсадо, ки бо юмори нафис ва публисистикаи тезу тунд омехта гушзад кардан мумкин аст, тавсиф кунем» (54, 7). Тамоми асархои • Фазлиддин Мухаммадиев аз вокеияти • имруза ва дигаргунихои зиндагонй, мехнат, маишат, ахлоку одоб, эхсосу афкори мардум ва рухи замони мо бахс мекунанд.з Фазлиддин Мухаммадиев дар асархои худ ба тасвири чихатхои нави хаёти мо пардохт. Пушида нест, ки хаёти халк хеле. мураккабу серсоха аст ва нависандае, ки ба вай дахолат мекунад, мухимтарин чараёнхои таърихии чамъиятро тахлил намуда, чунин вокеахоеро, ки. мохияти зиндагй ва пешрафти моро ба суй чомеаи демократи нишон медиханд, ба хаёт татбик гардондани идеалхои •-олии замони моро ифода менамоянд, дар осори худ чамъбаст мекунад Фазлиддин Мухаммадиев аз хамин гуна нависандагон аст. Вай масъалахои мухиммй рузмарраро ба миён гузошт, нуксонхои зиндагиро сахт ва ошкоро танкид кард, урфу одатхои кухна ва боклмондахои замони гузашта, типи рохбарони кафомонда ва услуби кухнаи корро фоіп намуд ва бар хилофи инхо пешрафти фикру заковат, болоравии куввахои эчодй ва рухбаландии мехнати халки точикро мавриди тасвир карор дод.

Аз марги фочиабори Фазлиддин Мухаммадиев кариб бистсол сипарй мешавад. Он айёмро бо номи бозсозй шухрат додаанд.. Вокеан хам харчу марчи ахлокии чомеа, ки чанде пеш ба арши аъло расида буд, хануз хдмон айём огоз ёфту Фазлиддин Мухаммадиев яке аз аввалинхо шуда аз хавфи ин падидаи бадфарчом аз тарики маколаву очерк, эссеву муросала ва мурочиатхояш бонги изтироб мезад. Бо вучуди ин Фазлиддин Мухаммадиев фарзанди замони худ буд., Дар бисер мавридхо бояд супориши партияро (Партияи Коммуниста) ташвику таргиб мекард ва табиист, аз ин гуна осор навгоние дар интихоби мавзую бахс чустан соддалавхй мебуд.

Очерки муосир хусусиятхои наве пайдо кард. Вай акнун аз. кайди факту ракамхо ва баёноти сатхию хушк иборат нест,-вокеиятро пардоз намекунад, балки ба мухимтарин масъалахои чомеа часурона дахолат намуда, проблемахои доги зиндагиро ба миён мегузорад. Очерки хуб як порчаи бадеии хаёти халк гардидааст, ки хонандаро ба фикр кардан водор менамояд, роххои-дигаргун ва бехтар кардани медихад. Ба таври хулоса гуфтан мумкин аст, ки хамаи ин сифатхо дар очеркхои Фазлиддин Мухаммадиев мушохида мешаванд.

ґ" " Фазлиддин Мухаммадиев дар насри мустанади точ.ик факдт, бо очерк маъруф нест. Вай кисса ва эссехои пурмухтаво, публисистикаи бадей Ъшз дорад. Киссахои «Зайнаббибй», «Писари газета», эссехои «Мехри диёр», «Марди фозил», маколахои публисистии «Сабак», «Мо накунем, кй мекунад?» ва гайра на танхо бо мухимияти мавзуъ ва фаррохии диду мушохида, балки бо хусну баёни образнок, чузъхои барчастасози вокеа ва симохо, лахни гуворою дилнишини нокилу кахрамонон дар хотири хонанда накдіи амике мегузоранд. Авзои вокеият хатто дар асархои калонхач,ми бадеии у (романи «Палатаи кунчакй», повестхои «Дар он дунё», «Варта» ва «Шохин япон») низ ба мушохида мераса Чунон ки мебинемГсахми Фазли(ддин Мухаммадиев дар баланд бурдани сатхи умумии насри мустанад, чолибсозй, таъсирнокй ва бадеияти сухани вокеъаписанд, дохил кардани аркон ва аносири насри бадей ба жанрхои очерку эссе хеле бузург аст. Вале, мутаассифона, ба ин сохаи басо доманфаррохи эч.одиёти нависанда адабиётшиносии мо эътибори сазоворе надодааст Табиист, ишора ва таъкидхои алохида дучор меоядд. Устод Мирзо Турсунзода дар маколахои «Хает ва адабиёт» (1959), «Замон ва нависанда» (1961), «Дар хизмати халку Ватан» (1962) ба асархои мустанади Фазлиддин Мухаммадиев эътибор додаасп\/Да маколаи «Х,аёт ва адабиёт» ба фаъолияти очернависии Фазлиддин Мухаммадиев махсус дахл. карда, аз чу мла менависад, ки нависанда дар образи хар яке аз кахрамонони худ «зухуроти нишонахои характери нав.., сабзиш ва такомулёбии одами нави чамъияти коммунистиро нишон медихад »(85, 104-105).

Дойр ба насри хуччатй ва бахусус очерк фикру мулохизахо хеле зиёданд1, баъзе мухакдикон дар заминай асархои чудогона дойр-ба жанрхои публисистй афкори адабиётшиносону.назариячиёни ин сохаро чамъбаст хам кардаанд2. Аз ин ру, аз такрори афкор худдори карда, баъзе чихатхои хоси очеркро хотиррасон менамоем.

Муаллифони китобхои назариявй очеркро байни хикояву. тадкикоти илмй3 мушаххас намуда, мавзуашро «корнамоии шахе» гуфтаанд, ки «аксаран дар истехсолот кор мекунад»4. Дар масъалаи навъу намудхои очерк низ фикрхри парешон баён шудаанд. Аз чумла Ю. Бобоев онро ба илмй, таърихй - этнографй, образнокй -публисистй, ахборотй -• тасвирй, шархдиханда ва гайра чудо-кардаст, ки сахех нест. Аз нигохи тасвир ин чузъиёт мушохида мешавад. Р. Мусулмониён очеркро ба проблемави ва портрети чудо карда, сафарномаю ёддоштро аз он берун мекунад. Ба ин фикр хдм . розй шудан мумкин нест. Аввалан очеркхои сафари кайхо боз вучуд. доранд ва баъдан, дар публисистикаи охири асри XX ва аввали хазораи сеюм сафарнома тамоми хусусиятхои очеркро доро буда, аз руи сабк, услуб, тарзи баён онхо ба хам бисер монандихо пайдо кардаанд. Инро очеркхои Ф. Мухаммадиев низ собит менамояд.

Дар замони шуравй очерк чун жанри «байракбардори-адабиёт» шинохта шуда, вазифахои инъикоси объективонаи хдет, тавзехй мухимтарин муаммохои иктисодй, ичтимой ва фархангии замон ба ухдаи он гузошта шуда буд. Хдмвора ба ин анвои гуногуни .

очерк вучуд дошт, ки мавзухои сиёсй, дустии халкло, равобити адабиро низ фаро мегирифт. Очеркхои Фазлиддин Мухаммадиев аз ин мавзуъхо низ бахрабардорй кардааст.

(Дар бораи Фазлиддин Мухаммадиеви публисист ягон асари тахкикй вучуд надорад. Вале зимни тахлили.асархои калонхачми у, чунон ки ишора рафт, баъзе фикру мулохизахо баён шудаанд. Аз чумла, мунаккиди шинохта С. Табаров дар заминай очерку хикояхои нахустини Ф. Мухаммадиев андешаронй карда, навишта -буд: «дар очерк аксаран хамон лавхахои зиндагй асоси мавзуъро-ташкил мекунанд, ки онхоро худи нависанда бевосита дида, мушохида карда, дар бораи онхо тасаввуроти муайяни худро дорад ва ба онхо дуруст бахо дода метавонад» (Табаров С". Очерк ва хикоя бояд жанрхои чанговари адабиёти имрузаи точик гарданд // Шарки сурх, 1959. -. № 6. - С. 144; Аз у: Х,аёт, адабиёт, реализм. - Душанбе: Ирфон, 1966. - С. 219.). Мухаккик аз боби очеркхои «Мухочирон» ва «Фаттох ва Музаффар» сухан ронда, дуруст таъкид менамояд, ки Ф. Мухаммадиев дар атрофи «масъалахои иктисодиёти колхозй» сухан •• ронда, зимни тахлили онхо «характер ва хусусиятхои кахрамононро мекушояд Таваччухи К- Рачабовро махорати Ф. Мухаммадиев дар идрок ва донистани «характерноктарин ходисахои дорой ахамияти калон» (Рачабов К. Очерк - жанри чанговар // Садой Шарк, 1965. № 11. - С. 155.) чалб кардаст.

Атахон Сайфуллоев дар очеркхои Ф. Мухаммадиев «мохирона истифода кардани чузъиёт» - ро таъкид намуда, к,айд менамояд, ки кахрамонони нависанда «ягон корномаи фавкуллода, ягон хизмати бузург нишон надиханд хам, хамчун кувваи •-пешбарандаи чамъият сазовори пайравию эхтйром мебошанд» (Сайфуллоев А. Санъати навоварй // Тафаккур ва образ. - Душанбе: Ирфон, 1968. - С. 124). М. Муллочонов бошад, таъкид менамояд, ки ба Фазлиддин Мухаммадиев «кушиши тахлил- ва чдмъбасту хулосабарорихо аз вокеот, бо назари васеътар дидан ва дарк кардани олам хос аст» (Муллочонов М. Тирамохи боровар // Садои Шарк, 1982. №1.- С. ПО).

Дар баъзе холатхо устухонбандии асархои вокеагароёнаи Фазлиддин Мухаммадиев аз амали мантикии кдхрамонон авч. мекунанд. Адабиётшинос Худой Шарифов ин ч.ихдтро бештар ба насли аввали адибони асри бист нисбат дода, аз умумияти услубй ва заминаю суннатхои миллии он ва сабки инфиродии адибон бахс ороста, хдмзамон таъкид мекунад, ки «баъди насли аввал дар пайванди адабиёти имруз бо тамаддуни гузашта дар катори Пулод " Толис ва Абдумалик Бахорй сахми Ф. Мухаммадиев бештар аст» (Шарифов X. Озурдагон ва умедворон. - Душанбе: Сино, 2001. - С. 97.)

\ Мухдккикони адабиёти муосири тоник М. Шукуров (97, 130-144. 99, 212-219), А. Сайфуллоев (68, 117-142), Ч. Бакрзода (8, 146-151), А. Набиев (54, 7. 55, 135-156) низ дар мавриди публисистикаи Фазлиддин Мухаммадиев борхо изхори акида кардаанд, аммо ягон асари нависанда муфассал мавриди тахкикашон карор нагирифтааст. Кисми аксар боз хам ба очеркхои «Мухочирон», " «Раиси нав» ва «Фаттох ва Музаффар» эътибор дода, онхоро чун як бахши эч,одиёти Фазлиддин Мухаммадиев арзёбй намудаанд. Дар макола ва китобхои А. Саъдуллоев (70. 71. 18-235; 72, 25-34; 73, 121-125) ин масъала андаке муфассал тахлил шудааст, аммо азбаски вазифаи мухаккики номбурда арзёбии умуман раванди насри вокеьгарои • муосир аст, у низ ба чихатхои фарккунанда, сатхи махорат ва сабки баёни Фазлиддин Мухаммадиев чандон амик ворид нашудааст Поэтикаи осори мустанади нависанда дар ягон макола мавриди тахкик карор нагирифтааст Махз ба хамин сабаб .

мо кдрор додаем, кори илмии хешро ба мушаххассозии муаммохри мавзую мундарича, поэтика ва навчуихои Фазлиддин Мухаммадиев дар насри мустанад ва/хосатан очеркхои у бубахшем. \

МАКСАД ВА ВАЗИФАИ ТАХДИК;. Максади асосии тахкик пажухиши хамачонибаи хусусиятхои жанриву мавзуии очеркхои нависанда мебошад. Барои халли пурраи мавзуъ масъалахои зерин мавриди .омузиш ва баррасй кдрор гирифтаанд: очерк ва хусусиятхои жанрии он, чихатихри гоявии очеркхои Фазлиддин Мухаммадиев, мавзуъх.ои асосии очеркх.о, поэтикаи очеркх.ои Ф. Мухаммадиев, образ ва портретхои кахрамон, услуб ва махорати нигорандагй.

АСОСХОИ ЦАЗАРЙ ВА МЕТОДОЛОГИИ ТАХДИК;. Рисола дар асоси методи мукоисавй - таърихии адабиётшиносй ва инчунин бадей - таърихй, ки дар тахкикртхои мухаккикони русу точики насри муосир истифода бурда шудааст, анчом ёфтааст.

САРЧАШМАХ,ОИ ТАХДИКРО асосан очеркхо ва вобаста ба талаботи мавзуъ дигар асархои бадей - хуччатии Фазлиддин Мухаммадиев ташкил медихад.

АРЗИШИ эчодиёти нависанда дар асоси мубохиса ва таълифоти мухаккикони осори у С. Табаров, М. Шукуров, А. Сайфуллоев, X. Шарй фов, А. Саъдуллоев ва дигарон муайян карда шудааст.

БОЗЁФТИ ИЛМЙ. Рисолаи мазкур дар адабиётшиносии точик тадкикрти мукаммал дар мавриди масоили очерк ва насри мустанад ба хисоб меравад.

АРЗИШИ ИЛМЙ ВА АМАЛИИ РИСОЛА. Натичахои рисолаи мазкур хамчун сарчашма хангоми омузиши фаъолияти Ф. Мухаммадиев ва барои хондани курси лексияву курсхои махсус дар факултахои филология ва журналистика, инчунин хангоми омузиши насри хуччатии адабиёти точик истифода бурда мешаванд.

СОХТОРИ РИСОЛА. Я исола аз мукаддима, се боб ва хулосаю китобнома иборат аст.

( Дар боби аввал аз хусуси мавзуъ, муаммо, нигохи муаллиф ба жанр .сухан ороста,! хамчунон аз гунахои очерки Фазлиддин Мухаммадиев ёд кардаем.

Боби дуюм ба тавзех ва мушаххасоти хусусиятхои гоявй ва мундаричавии очеркхои нависанда бахшида мешавад.

Дар боби сеюм сухан аз поэтикаи осори мустанади Фазлиддин Мухаммадиев меравад. Ин чо фазилати сухани нависанда, сабки баёни у бо мисолхо аз эчодиёташ тахкдк мегардад/ ( Домани мавзуи мавриди бахси мо басо фаррох буда ва гумон аст, ки хам аи пахлухои он дар доираи як рисола возех мушаххас гардбнида шуда боші(інд, аммо ба як чиз бовар дорем, ки чунин гузориши масъала боиси ба амал омадани бахсу мунозира дар атрофи фаъолияти Фазлиддин Мухаммадиев ва накши насри мустанад дар фаъолияти эчодии нависанда мегардад. Худи хамин аз манфиат холй нахохад буд._з