Электронная библиотека диссертаций и авторефератов России
dslib.net
Библиотека диссертаций
Навигация
Каталог диссертаций России
Англоязычные диссертации
Диссертации бесплатно
Предстоящие защиты
Рецензии на автореферат
Отчисления авторам
Мой кабинет
Заказы: забрать, оплатить
Мой личный счет
Мой профиль
Мой авторский профиль
Подписки на рассылки



расширенный поиск

Касыда и её традиции в персидско-таджикской поэзии XIII-XIV веков Казакова Умринисо Санговна

Касыда и её традиции в персидско-таджикской поэзии XIII-XIV веков
<
Касыда и её традиции в персидско-таджикской поэзии XIII-XIV веков Касыда и её традиции в персидско-таджикской поэзии XIII-XIV веков Касыда и её традиции в персидско-таджикской поэзии XIII-XIV веков Касыда и её традиции в персидско-таджикской поэзии XIII-XIV веков Касыда и её традиции в персидско-таджикской поэзии XIII-XIV веков
>

Данный автореферат диссертации должен поступить в библиотеки в ближайшее время
Уведомить о поступлении

Диссертация - 480 руб., доставка 10 минут, круглосуточно, без выходных и праздников

Автореферат - 240 руб., доставка 1-3 часа, с 10-19 (Московское время), кроме воскресенья

Казакова Умринисо Санговна. Касыда и её традиции в персидско-таджикской поэзии XIII-XIV веков : диссертация ... доктора филологических наук : 10.01.03 / Тадж. гос. нац. ун-т.- Душанбе, 2006.- 352 с.: ил. РГБ ОД, 71 07-10/247

Содержание к диссертации

Введение

Боби І. Хдёти сиёсиву ицтимоии мовароуннах,ру хуросон дар асрхщ XIII - XIV ва вазъи кдсидасарой

1. Авзои ичтимоиву сиёсй ва таъсири он ба хаёти адабй .". 13 - 46

2. Аксоми шеърй ва макоми касида дар он 46-72

Боби II. Марказхщ адабй ва суннатхщ кдсидасарой

1. Марказхри адабй 73- ПО

2. К асидасароёнимапдур васуннатхоикасидасарой 110-158

Боби III. Хусусиятхщ жанрии касида дар асрхри XIII-XIV 159-163

1. К асидаи мадхй 163-189

2. Кдсидаи ич,тимой ва сиёсй л-189-214

3. Кдсидаи ахлоцй ва мавъизат 214-249

4. Навъхои дигари касида 279-290

Боби IV. Хусусиятх,ои шаклй ва услубии кдсида

1.Хусусиятх,оиуслубй .- 291 -314

2. Мухтассоти вазн, кофия ва радиф 314 - ЗЯ6

Хулоса 327-334

Фехристи адабиёт .335-3

Авзои ичтимоиву сиёсй ва таъсири он ба хаёти адабй

Чунки ба манзили дигар расидем, замин чунон аз равгани одами чарбу сиёх гашта буд, ки се манзили дигар дар пойи бурчи Х,исор-устухони одами бисер чамъ буд...акрир карданд, ки дар рузи фатхи ин шахр шаст Хазор духтари бикр худро аз ин бурч берун андохтанд ва хамон чо халок шуданд, то ба дасти лашкари мугул наяфтанд ва ин чумла устухонхои эшон аст.

Чун Чингизхонро бидидем, писари Олтунхон ва вазири уро мукайяд пеши мо оварданд ва дар вакти мурочиат тухафу хадоё бо мо бисер ба хидмати Хоразмшох фиристоду гуфт: Мухаммади Хоразмшохро бигубд, ки ман подшохи «офтоб баромад» - ам ва ту подшохи «офтоб фуру шудан». Миёни мо ахду муваддат ва мухаббату сулх мустахкам бошад ва аз тарафайн туччору корвонхо биёянду бираванд ва зароифу бизоат, ки дар вилояти ман бошад, бар ту оранд ва они билоди ту хамин хукм дорад»./62, 102-103/.

Аз ахбори фавкуззикри Минхочи Сироч аввалан, манзараи дахшатноки катлу горати мугулон дар кишвархои истилошудаи Тамгочу Тибет аён гардад, сониян, дакикати дигаре маълум мешавад, ки Чингизхон расулони Хоразмшодро ба эъзозу эхтиром ва дадядои гаронбадо гуселонида, корвони точирони худро низ ба кишвари Хоразмшод фиристодааст. Вале амири Утрор Ройирхон бо тамаи молу матои гаронбадои точирони мугул ба Мудаммади Хоразмшох, хабар дод, ки гуё ондо ба нияти чосусй омадаанд ва бо ичозати Хоразмшох, точирони мугулро, ки 450 нафар буданд, ба катл расонида, 500 шутур зару чаводирот ва амволи ондоро содиб гардид. Дар бораи ин вокеа низ муаллифи «Табакоти Носирй» чунин менависад:

«Чун ба Утрор вусул шуд, Кадархони Утрор гадр кард, аз Мухдммади Хоразмшох, ичозат фармуд ва чумлаи туччору ояндагон ва русулро ба тамаи он зарру нукра ба катл расонид, чунончи деч як тан аз онон халос наёфтанд, илло як шутурбон, ки дар даммом буд, дар он вакт аз роди гулхан худро берун андохт ва дар мудофизати худ хила ангехт ва аз роди биёбон ба билоди Чину Тамгоч боз рафт ва Чингизхонро аз кайфияти он гадр эълон дод»./62,103 - 104/.

Чингизхон баъди шунидани хабари шутурбони рахоиёфта аз дасти амири Утрор низ дучумро ба кишвари Хоразмшох, огоз накард ва мардеро бо номи Ибни Кафруч Бугро дамроди ду нафар мугули дигар ба назди Мухдммади Хоразмшох, фиристод, то ки хохиши Чингизхонро ба вай расонанд. Хони мугул мехост, ки Хоразмшох, барои амали зишти дар дакки бозаргонони мугул дар каламрави у рух дода узр ходад, зарардои моддии расидаро чуброн намояд ва Гойирхонро, ки сабабгори асосии чиноят буд, ба ихтиёри Чингизхон фиристад. Султон Мудаммади Хоразмшод ин ходиши Чингизхонро кабул накард, зеро аввалан, модари у Турконхотун бо Ройирхон хешовандй дошт ва модар ба ин кор ба деч вачд ризоият намедод. Сониян, аксари дарбориён ва амалдорони дукумати Мудаммади Хоразмшод аз чумлаи наздикон ва пайвандони Гойирхон буданд. Хоразмшод на тандо таклифи мусолидаомези дони мугулро кабул накард, балки фиристодагони уро дам кушт. «ва бо ин даракат сели дучуми мугулро бо дасти худ ба тарафи Эрон ва билоди исломй кашонид»./1 L8, 271/. Ин дама ба он дал о лат мекунад, ки барангезанда ва яке аз сабабгорони асосии хучуми мугул ба Осиёи Миёна дастгохи хукумати Хоразмшохй буд ва метавон гуфт, ки «масъулияти таърихии хамлаи мугул бар дастгохи басёр фосиди подшохии Хоразм, авлоди Ануштегини Гарчаи Таштдор ва туркони ачдмии кднкулй будааст ва хамон дастгох аст, ки хашми сардоре чаббору биёбонй ва хунрезу горатгару саффокро барангехт» /105/ ва боиси кдтлу горати миллиёнхо мардуми бегунов ва харобии мамлакатхои ободи Мовароуннахру Хуросон гардид.

Х,амин тавр, Чингизхони мугул тирамохи соли 1220 милодй хучумро ба кдламрави Мухаммади Хоразмшох огоз кард. Дар бораи теъдоди лашкари мугул, ки барои хучум ба Эрон сафарбар гардид, миёни муаррихони гузашта ва давраи нав ихтилофот вучуд дорад. Ба кдвли муаррихони исломй, теъдоди лашкари мугул хангоми хучум, хафтсад хазор нафар будааст, ки дар зери «хаштсад алам ва зери хар як алам хазор савор» мерафтаанд ва ба онхо сесад хазор асп номзад шуда будааст./62, 104/. Вале аглаби мухакдикони муосир теъдоди лашкари мугулро иборат аз дусад хазор нафар донистаанд./121, 25,185,37/

Ба хар хол Мухаммади Хоразмшох лашкаре ба маротиб зиёда аз лашкари мугул дар ихтиёр дошт ва метавонист пеши рохи истилои мугулро бигирад, вале сипохиёни у дар шахрхо ба таври пароканда бо чангхои мудофиави машгул шуданд ва худи Хоразмшох бо сипохи мугул мувочех нашуда, ночавонмардона ру ба фирор ниход, кишвару лашкар ва раияти бепанохро ба ихтиёри худашон гузошт. Дар натича, лашкари мугул ба осонй Утрорро (мавзее бо номи Фороб, вок,еъ дар наздикии маркази рохи охани Темур, кдрибии Тошканд), ки фитна ва бахонаи чанг аз он чо cap зада буд, фатх карданд ва «хурду бузургро ба зери теги бедарег оварданд ва хеч офаридаро зинда нагузоштанд, чумларо шахид карданд». /62, 105/.

Чингизхон дар Утрор куввахои низомии худро таксим намуда як кдсми лашкарро ба ихтиёри писаронаш Угтой ва Чагатой барои мухосираи Утрор супорид ва щеми дигари онро бо рохнамоии Ч,учй ба чрниби Чанд, ки дар сохили Сирдарё вокеъ буду харобахри он хднуз хам дар наздикии К изил Урдаи Кдзокистон мавчуданд /210, 282/, барои истилои шахрхри сорили Сирдарё сафарбар кард ва худ хамрохи писари дигараш Тули бо куввахри асоей ба чониби Бухоро равон гардид.

Гурухдои асосии лашкари мугул бо сардории Чингизхон ба хучуми Бухоро огоз карданд, вале дар ин шахр ба мамониати сахт дучор гардиданд. Пас аз се рузи мудофиа мухрфизони шахр халкаи мухрсираи душманро рахна карда, теъдоде аз онхр ба он суй Амударё гузаштанд. Нихрят, лашкари мугул шахрро фатх, намуда тамоми аркони салтанат ва аъёну хононро ба катл расониданд. Дар ин вокеа ей хазор тан кушта шуданд, гурухеро чихати сипони лашкар чудо карданд ва азми Самарканд намуданд..

Мухаммади Хоразмшох дар Самарканд якеаду дах, хазор лашкар барои дифои шахр гирд оварда буд, вале дар огози хучуми мугул ба ин шахр сардори сипохиёни хоразмй Тугонхон, ки аз туркони кднкулй буд, бо бахрнаи бо мугулхр хамнажод будан, аз чанг бо онхо даст кашид ва факат ахолии Самарканд шахри худро дар тули се руз аз хучуми мугулхо дифоъ карданд. Бо вучуди ин, рузи чахррум мугулх,о шах,рро тасхир намуданд ва ахли он таслим гардиданд. Дар хамин гиру дори Самарканд Мухдммади Хоразмшох. ба Табаристон фирор кард ва соли 1224 дар мавзеи Обискун, вокеъ дар кисмати гарбии бахри Каспий бо хориву зиллат даргузашт.

Аксоми шеърй ва макоми касида дар он

Бар асари он ки дар каламрави сарзаминхри дар Осиёи Миёна ва Эрон тасхир намудаи мугулхр хукумати марказие чун Сомониен, Газнавиён ва Салчукиён вучуд надошт ва руху забони шеъру адаби форси барои онх,о бетона буд, онхо барои таргиби сиёсат ва хукумати худ на ба шуаро, балки ба муаррихони давр бештар тавандух, мекарданд.

Добили зикр аст, ки осори манзуми шоиронеро, ки бо дарборхои мулуки Карт, Атобакони Форс, Салчукдёни Рум ё хркимони Багдод ва монанди онхо алока ва муносибат доштанд, адабиёти махз дарборй хондан сахех нест, зеро «аксари ин адибон (монанди Саъдии Шерозй, Шамсиддин К айси Розй) бевосита бо дарбор вобастагй надоштанд, хусну тавач,чух,и онхо ба ин дарборхои махаллй аз он сабаб буд, ки хркимони ин сулоладо бо сиёсати окдлона ва сулх,чуёна мулкхри худро аз горати кушунхри мугул эмин гардониданд, анъанах,ои мах,аллиро х&м дар хдёти сиёсй ва х,ам дар хдёти маданй мах фуз доштанд» /166, 274/. Таназзули адабиёти дарбор дар ин ахд агар аз чонибе фонда дошта ва фоидаи он «радо кардани-шоир аз куюди хушки адабиёти дарборй ва саргарм сохтани у бо умури завкй ва ибтикори ихтироъ» /105, 218/ бошад, аз чониби дигар, «бардоштани кайдхои душвори адабй барои шохис шудан дар улуми шеъру адаб миёни шоирони мутааддиде, ки довталаби вуруд ба дарборхр мешуданд» /105, 218/ аз чумлаи зарархои ин гуна таназзул дар шеъру шоирии минбаъдаи форси махсуб мегардид.

Бар асари таназзули адабиёти дарборй ва ба ин васила аз ривоч; афтодани мадху мадехасарой ниёз ба касида, ки колаби асосии шеъри мадхии то ахди мугул буд, хеле коста шуд ва метавон гуфт, ки 6ajiH сабаб «касида дар давраи мугул охирин лахдзоти равнаки худро тай мекард» /115, 199/ ва макоми аввалиндарачаи худро дар миёни аксоми дигари шеъри форси аз даст дод. Ба таъбири дигар дар ин ахд «бар асари заъфи шеъри дарборй табъан аз ривочи кдсидасарой, Ки дар даврахои пешин навъи тирози аввал аз анвои шеъри форси буд, коста шуд ва хатто кдсидасароёни бузурге хам, ки дар ин давра пайдо шуда ва бо кдсоиди мадхй иртизок, намудаанд, дар ин навъ аз шеър тобеи равиши кудамо буда ва мусалламан химмати онхо масруф ва мунхасир буд бар истик,боли кдсоиди маъруфи Саной ва Анварй ва Хок,онй ва Захиру Асири Ахсикатй ва назоири онон ва ба хамин сабаб хам сабки шуарои кдсидагуи кдрни хаштум мутамоил будааст ба шеваи кдсидасароёни бузурги кдрни шашум ва огози кдрни хафтуми хичрй...» /105, 319/, яъне хамон сабки Ирокй, ки дар шеъри форсии кдбл аз онхо роич, будааст.

Бо вучуди он ки зарбаи асосии истилои мугул кдбл аз хама ба жанри асосии он-кдсидаи мадхия расид, вале бо ин хама кдсида комилан аз ривоч, наафтод ва бо хусусияту равиидои дигаре рохи тахаввули худро тай мекард. Вучуди шоироне аз кдбили Хумоми Табрезй, Хусрави Дехлавй, Хдсани Дехлавй, Авхадии Марогй, Бадри Чочй, Хочуи Кирмонй, Ибни Ямин, Убайди Зоконй, Имоди Факех, Носири Бухорой, Салмони Совачй, Ибни Нусух, Магрибй, Камоли Хучандй, Хрфизи Шерозй, Саъдии Шерозй, Сайфи Фаргонй, Фахриддини Ирокд, Имомии Х,иравй, Мачди Х амгар ва дигарон аз вучуди касидасарой дар ин ахд гувохй медихад. Теъдоде аз ин шоирон чун Ибни Ямин, Салмони Совачй, Саъдии Шерозй, Сайфи Фаргонй, Хочуи Кирмонй ва соири онхо агар кдсоиде д&р мадхи элхонони мугул ё хокимони махаллии эронй гуфта бошанд, теъдоди дигари онхо, аз кдбили Пури Бахои Ч,омй, Имомии Хдоавй, Мачди Хамгар, Бадри Чочдрмй, Х,умоми Табрезй, Ибни Нусух, аз чумлаи парвардагони хонадони вазирони махаллии эронй чун Рашидаддин ва Шамсиддини Сохибдевон буданд ва касоиди мадхии худро асосан дар ситоиши ин вазирон ва чонишинони онхо гуфтаанд.

Мохият ва мазмуни касоиди мадхй низ дар ин давр тагйири чидДй пазируфт. Аввалан он мадхи самимиву содик,онае, ки дар кдсоиди Рудакй, Унсурй, Фаррухй, Манучехрй, Муиззй ва дигар мадехасароёни даврони

Сомониён, Газнавиён ва Салчукиён ба мушохида мерасад, дар касидахои шоирони ин ахд эхсос намегардад. Сониян, табиист, ки шоирон элхонони мугул, яъне харобкунандагон ва бархдмзадагони сарзаминхои ободи Эронро ситоищ карда наметавонистанд ва іпоире, ки ба ин кор даст зада бошад, кам ба назар мерасад? Солисан, касоиди мадхии ин ахд аз лихрзи хунари шоирй ва пирояи бадеият ба манзалати мадхи шоирони асрхри X -XII расида наметавонанд, зеро асосан такдид ба равиши гузаштагон буда, шеваи асосии кори мадехасароёни ин ахд аз «сохтани касоиди маснуъ, кдсамномахр, илтизомоти мухталиф, ки гох дар х,ар байт аз як кдсида адади онхо ба се ва чахрр мерасад, интихоби радифхри мушкил ва ба иборати соддатар печидан дар завохири калом» /105, 319/ ва ба ин васила эътибор надодан ба маънии сухан иборат аст. Албатта аз ин кдзоват шоироне чун Саъдй, Хрфиз, Фахриддини Ирокй, Ибни Ямин, Салмони Совачй ва амсоли онхо, ки -ба чои пайравй аз дигарон дар осорашон халлокдяти маънй ва мазмунхри тоза мушохида мешавад, истисно мебошанд.

Хамчунин бояд таъйид намуд, ки дар касоиди шуарои дарборхои махаллии Атобакони Форс, мулуки Карт ва амсоли онхо низ мохияти мадх ва мазмуну мундаричаи он тагйир пазируфта асосан аз ситоиши хислатхои некиву чахрнмардй, илмдустиву адабпарварй ва дигар хисоли хамидаи мамдухон иборат. буд /166, 320/ ва умуман мавзуи мадх дар касоиди ин давр чандон макоми назаррас надорад.

Баъзе мухдккикон анвои касоидро аз лихози мавзуъ асосан ба се навъ - касоиди фалсафй, мадхй ва марсия таксим кардаанд /242, 29/, вале таснифи Бадри Чрчармй дар «Мунисулахрор» сахехтар мёнамояд, зеро у ашъори ин давраро аз чихати мавзуъ ба тавхид, наъти Мухаммади Мустафо /с/, хикмату мавъиза, васфиёт, маснуъот, таксимот, суолу ч;авоб, тачнисоту мукаррарот, мусамматот, малзумот, касамиёт, ашъори мукаффо, мараддаф, маросй чудо мёнамояд /105, 320/, ки дар миёни онхо ба мавзуи мадх эхтимоме зохир нашудааст. Аз ин хотир метавон гуфт, ки дар касоиди ахди мугул мавзуоти тавхиду наът, фалсафа, ахлоку мавъиза, ирфон, маснуъот, васфиёт ва соири ощо мавкеи аввалдарача дошта, мавзуи мадх, макрми назаррас надоштааст.

Агар дар кдсоиди ахди мугул аз лихрзи мавзуву мундарича тагйироте ба амал омада ва ба ч,ои мадх, мавзуоте чун хикмату мавъиза, ирфону тасаввуф, шикваву эътироз, васфу хачв ва соири онхо макрми бештар пайдо карда бошад, дар сабку услуби касидасароии ин ахд низ баъзе дигаргунихр ворид гардид. Чунонки каблан зикр гардида буд, дар кдсоиди ин давр сабки ирокй аз нав эх,ё гардид ва ба ной муболигаву игрокоти зиёд, санъатнамоию лафзороии Рашиди Ватвот ва Муиззй, ташбех,у истиороти пушида ва истилох,оти хоси илмию фалсафии Анварию Асирии Дхсикатй к,асидах,ои шуарои ахди мугул чун Саъдиву Фахриддини Ирокй, Ибни Ямину Хочуи Кирмонй, Сайфи Фаргониву Мач,ди Хамгар ва дигарон асосан бо сабки соддаву равон, ташбеху истиорах,ои ба зех,н наздик, забони то хддде осонфахму равон эч,од мешуданд /166, 275/.

К асидасароёнимапдур васуннатхоикасидасарой

Чунонки дар фасли марбут ба марказхои адабии ахди мугул маълум гардид, бо вучуди кдтлу горатгарихр ва нобасомонихри вазъи сиёсиву ич,тимой дар ин ахд ба туфайли таъсиси давлатхои хурди махаллй хаёти фархангиву адабии Эрон куллан тавакдуф накарда, бо фарорасии фурсати мусоид эхе гардидааст ва дар теъдоде аз марказхои адабии ба тозагй таъсисёфта илму адаби форси ривочу равнаки зиёд пайдо кардааст.

Дар бораи вучуди илму адаб дар ахди мугул ва идомаи суннатхри адабии форсу точик ва аз он чумла кдсидаву мадехасарой теъдоди зиёди шоирон хам дарак медихад, ки дар ин ахд зиндагиву эчод кардаанд ва шархи ахволу намунахри осори онон дар китобхри таъриху тазкира ва осори илмй-тадкикртй зикр гардидааст. Аз чумла Забехуллохи Сафо дар китоби арзишманди худ «Таърихи адабиёт дар Эрон ва дар кдламрави забони порей» дар бораи шархи хол ва намунаи ашъори 76 нафар шоири ин ахд маълумот додаст, ки аксари онхр бо таълифи кдеида ва мадехасарой низ машгул будаанд.

Дар миёни шоирони ахди мугул бо номхре чун Х,умоми Табрезй, Низории Кухистонй, Х,асани Кошй, Алоуддавлаи Симнонй, Хдсани Дехлавй, Авхадии Марогй, Х,асани Мутаккалим, Рукни Сойин, Музаффари Хофй, Рукни Даъвидор, Саиди Хдоавй, Асири Умонй, Муини Чувайнй, Чунайди Шерозй, Ибни Нусуд, Фариди Ах вал, Начиби Ч урфозконй, Коней, Сайид Зулфикрр, Имомии Х,иравй, Бадри Ч,очармй, Сирочи Кумрй ва дигарон мувочех мегардем, ки бештари онхр сохибдевон буда, касида дар миёни ак,соми шеърашон мак,оми махсус доштааст.

Табиист, ки баррасии шахсият ва хусусиятхри гоявию бадеии кдеоиди кулли ин шоирон дар ин рисола имкони гунчоиш надорад ва аз чониби дигар, шарли х,олу ашъори онон дар таъриху тазкирах,о ва осори илмй низ омадааст. Аз ин хотир, мо лозим донистем, ки дар ин фасли рисола дар бораи шахсият ва хунари кдсидасароии намояндагони маъруфи адабиёти ин ахд Саъдии Шерозй, Амир Хусрави Дехлавй, Хочуи Кирмонй, Салмони

Совачй, Убайди Зоконй, Ибни Ямин, Мачди Хдмгар, Сайфи Фаргонй, Бадри Чочй, Фахриддини Ирокй, ки дар тахдввули кдсидасароии форсу точик накдга муассир доранд, таваккуф намоем. 2.1. САЪДИИ ШЕРОЗЙ

Номи пурраи у Мушаррафуддин Муслих. ибни Абдуллох, ибни Мушарраф буда,. Саъдй тахаллуси адабии уст ва бо лакдбхри фахрии Шайх, Имомулмухак,кик,ин, Афсахулмутакаллимин низ маъруф аст. Уро пас аз ду нафар шуарои бузурги Эрон-Фирдавсй ва Анварй шахсияти сеюм ва пайгамбари газалсарой донистаанд /242, 100/, вале Саъдй дар кдсидасарой низ сохиби ибтикори бузург буда, тахаввули назаррасе дар суннати кдсидасароии форсу точдк ворид намудааст.

Тибки ахбори худи Саъдй гузаштагони у лама шахсиятхри динй буданд ва у нахуст дар назди падараш Мушрифи Шерозй таълиму тарбият гирифта, баъди вафоти падар тахти тарбияти бобои модариаш Мавлоно Масъуди Козарунй кдрор доштааст. Саъдй дар овони чавонй Шерозро тарк намуда ба Багдод мусофират кардааст ва ба ин сафар уро гуё Саъд ибни Зангй фиристода будааст. Вале ин амр ба хдкдкдт мувофик, намеояд ва гумони голиб он аст, ки Саъдй дар миёни солх,ои бистум баъди хамлаи мугул аз Осиёи Миёна ба Багдод тарки ватан кардабошад, чунонки худ мегуяд: Надонй, ки ман дар ак;олими гурбат, _ Чаро рузгоре бикардам диранге? Бурун рафтам аз танги туркон, ки дидам, Чахрн дархам афтода чун муи зангй. Х,ама одамизода буданд, лекин Чу гургон ба хунхорагй тезчанге./ЗЗ, 436/ Дар дар х,ол сафари Саъдй ба Багдод ба хотири идомаи тахсилот ё ба сабаби хамлаи мугул буда, у такрибан солхри 1222 - 1223 дар пойтахти хилофати араб дар мадрасаи маъруфи Низомия тах,сили илм мекардааст ва идрор /кумаки пули/ хам мегирифтааст. Дар Багдод Саъдй на танхр илмхри Куръону хадис, сарфу нахви арабй, улуми адабй ва долоту макрмоти шайхони тасаввуфро омухт, балки бо шахсиятдои маъруф чун Абулфарач, ибн ал Ч,авзй ва Шахрбиддини Сухравардй шарафи сухбату иродат ёфт.

Пас аз анчоми тахсил дар мадрасаи Низомия сафари тулонии Саъдй огоз меёбад, ки беш аз 30 сол тул мекашад ва дар муддати ин сафар шоир ба кдвли худ «басе дар аксои олам бигашта» ба кдвле Ма каро 14 маротиба зиёрат мекунад/24, 222/. Дар ин сафар у инчунин шахру кишвархои зиёдеро аз кдбили Димишк,, Баалбек, Тароблус, Хдлаб, Искандария, Африкаи шимолй, Туркистони шаркй, Х,индустон ва гайра зиёрат намуда, тачрибаи бузурги зиндагй ва чахрншиносй пайдо намуд ва соли 1256 ба Шероз баргашт.

Дар Шероз хдрчанд Саъдй аз наздикони дарбори Атобак Саъд ибни Абубакр ибни Саъдй Зангй махсуб мешуд ва ба замми ин ба вазирони элхонй Шамсиддин ва Атомалики Ч увайнй алокд дошт, вале дар асл зиндагии озодона ба cap мебурд ва дар хонакохи Шайх Абуабдуллои Хафиф бо таълифу иршоди мардум шугл меварзид.

Саъдй то охири умр, яъне соли 1292 дар хонакохи мазкур ба cap мебурдааст ва кумакхри моддиеро, ки аз Атобакони Форс ва подшохону вазирони элхонй ба у мерасидааст, ба бенавоёну мустамандон мебахшидааст. Чднозаи уро дар хдмон хонакрхи Шайх Абуабдуллох,и Хафиф дар Шероз ба хок -супурдаанд, ки он имруз хдм зиёратгохи мухлисону алокдмандони шеъри ноби уст.

Мероси адабии Саъдй аз лихрзи мавзуву мундарича ва колабхои шеърй хеле гуногун ва ганй буда, чуз «Гулистон», «Саъдинома» ё «Бустон», китаот, тарчеоту таркибот ва анвои дигари шеъриро дар бар мегирад. Факдт газал дар куллиёти у беш аз 7000 байтро дар бар мегирад ва яке аз колабхри асосии шеъри у хисоб меёбад.

Бо назардошти он ки муроди мо асосан шахсияти кдсидасароии Саъдй ва таъйини макрми кдсида дар эчодиёти уст, мехохем дар ин мавзуъ изхори мулохиза намоем. Дар куллиёти Саъдй дар мачмуъ дар худуди 60 кдсида шомил аст, ки аз онхр 20 кдсида бо забони арабй ва бокд бо забони форси таълиф гардидааст. Мачмуи абёти кдсоиди у беш аз 2000 байтро ташкил менамояд.

Зохиран, кдсоиди арабии Саъдй дар даврони тахсилоту сафархряш эчод гардидаанд ва дар онхр вокеоти марбут ба шикасти Аббосиён дз хдмлаи мугул, мадхи шахсиятхри бонуфузи Хилофат ва андешахри ахлокиву мавъизатии шоир баён гардидаанд. Кдсоиди форсии Саъдй дар мачмуъ аз 1266 байт иборат буда, ба мавзуоти тавхид, хдмду наът, мадхи Атобак Абубакр, писари у, баъзе подшохрну вазирони элхонй ва шахсиятхри дигари дину давлат бахшида шудаанд. Бо вучуди ин мавзуи ахлок, ва мавъиза дар кдсоиди Саъдй мавкеи бузург дорад ва он на танхр дар кдсоиди мадхии шоир хдм ба назар мерасад, балки 14 кдсида аз мачмуи кдсоиди форсии у дорой мазмунхри ахлокд ва ишкД мебошад.

Саъдй бо вучуди он ки дар кдсидасарой анъанаи гузаштагони адабиёти форсу точикро идома додаст, вале дар равиш ва суннати кдсидасарой ибтикороте ворид намудааст ва ба ин васила «сурати тоза ва шоистае ба ин ришта аз сухан бахшидааст» /109, 169/. Яке аз ибтикороти Саъдй дар суннати кдсидасарой он аст, ки у «Хдмчун муаллими мудаббир мадху панд ва танк,идро омехтааст, то ки хислати инчик, ва худписандии подшохро ба хисоб гирад... зеро хдмаи умед ба лутфу карами шох нигаронида шуда буд, зеро ба ободонии кишвар, осоиштагии мардум ва равнаку ривочи илму адаб вазифадор мешумориданд ва бинобар ин ба у мадх, гуфта, ба вай сифатхри некро пешакй медоданд»/42, 96/, то ба ин васила мамдухро ба инсофу раъиятпарварй ташвик, намоянд.

Навъхои дигари касида

Масъалаи хіімоят аз шеър ва бекддрии шоирй, дар миёни шоирон ва нокидону суханшиносон таърихи кддимй дорад. Ин мавзуъро Абдулкрхири Ч,урчонй /ваф.481х.=1088м./ дар мукаддимаи китоби худ «Далоилулэъчоз» ба нияти химояи шеъру шоирй овардааст /47,1-2/. Ба мукобили акидаи касоне, ки шеърро макрух, медонистаанд, Шайх Аттор дар огози маснавии «Мусибатнома» мукдддимае дорад, ки дар он бар радди мухолифони шеър сухан меронад/40,163/. Бадеуззамони Фурузонфар, оиди ин мавзуъ ба маснавии Аттор тавачдух карда, сабаби иншои онро чунин тавзех медихад: «Чунин ба назар мерасад, ки - менависад у, - Шайх мехостааст чавоби касонеро бидихад, ки уро ба сабаби шеър гуфтан мазаммат мекардаанд ва шояд ин корро ба мак,оми шуюхат ва мартабаи динии у мубайин мепиндоштаанд»

Кдцимй будани бахои арзиши шеър ва ба хусус мадехдсарой аз як кдсидаи дар ин мавзуъ навиштаи Манучехрии Домгонй хам маълум мешавад. Аз чумла, дар он кдсида, ки саросар ба ин мавзуъ бахшида шудааст, бо чунин абёт мувонех, мегардем:

Гох и тавба кардан омад аз мадоех. в-аз хич,о, К-аз хичо бинам зиёну аз мадоех. суд не... Андар ин айёми мо бозори хазл асту фусус, Кор Бубакри Рубобй дораду танзи Ч,ухо. Х,ар киро шеъре барй ё мидхате пеш оварй, Гуяд: Ин яксар дуруг аз ибтидо то интихо. Гар мадеху офарини шоирон буди дуруг, Шеъри Хдссон ибни Собит кай шунидй Мустафо.

Асириддини Умонй дар шеър пайрави сабки Анварй буд. Анварй хам дар охири умр нисбат ба шеъру шоирй норизой ва пушаймонй "мекунад. Аммо пушаймонии у сабаби дигар дорад. Анварй аз газалу мадху хичо даст кашиданашро ба он асоснок мекунад, ки ин навъ шеър гуфтан-долати гумрохй будааст ва ин х,олат ба «шахвату х,ирсу газаб» вобастагй дорад. Баробари гузаштани ин холатхр дигар х,очати чунин сухан гуфтан нест: Дй маро ошикдке гуфт: «Газал мегуй?», Гуфтам: «Аз мадху х,ичр даст бияфшонам ман». Гуфт: «Чун?» Гуфтамаш: «Он хрлати гумрохд рафт, Хрлати рафта дигар боз наояд зи адам. Газалу мадху хичр хдр се бад - он мегуфтам, Ки маро шах,вату хирсу газабе буд ба хдм». Баъди ин Анварй хрлати шоиронро тасвир мекунад: Яке шабу руз аз пайи ларёфти ризку рузй бошад, дигаре дар пайи васфу сифатхои махбубаи дилрабо, савум чу саги хаста дар паи.забуне. Байти баъдй зищорест аз дигар шеър нагуфтан ва ба нафсу акд чафо накардан:

Газалу мадху хичр гуям, ё раб, зинх,ор, Баски бо нафс чафо кардаму бо акл ситам. /8,190/ Анварй шахси хдкиму донишманд буд ва танх,о аз руи зарурат ба шеър руй меовард ва махсусан баъди он ки соли 1155 ба дасти Гузхо Султон Санчар асир афтоду давлати Салчукдён РУ ба парешонй овард, у умри ба шоирй сарф кардаашро кори бехуда медонад. Чун дар ин замона суханшиносе нест, мадхгуй дам кори бехуда аст ва касро шикастадйл мекунад, зеро рох,и хикмат ва кдноатро пеша кардан худкомии орзух,ои беч,ои шоириро ба вуч уд омада буд. Аз ин хотир, у даъват ба он менамояд, ки бехтар аст рохд х,икматро интихоб намуд ва дар ин бора чунин иброз медорад:

Анварй, бахри кдбули омма чанд аз нангу шеър, Рохи хикмат рав, кабули омма гу, х,аргиз мабош. ; Рафт хднгоми газал гуфтан, дигар сардй макун, Ровиёнро гармии хангома гу, хдргиз мабош... Дар камоли Буалй нуксони Фирдавсй нигар, Х,ар кучо омад «Шифо», «Шах,нома» гу, х,аргиз мабош. Орзу худком зодасту кдноат худманиш,

Боди у шав, ком аз худкома гу, хдргиз мабош./8,172/ Чунонки мёбинем, Асириддини Умонй, на танхр дар услуби соддагии сухан, балки дар паи кдмату арзиши чамъиятии шеър низ ба Анварй пайравй мекунад. Аммо Анварй хастагии худро аз шеър дар муносибаташ ба вазъи завкии он муайян мекунад. Бо вучуди ин гаронии шеър дар назди у заминай ичтимоии замонро хдм дошт. Асириддини Умонй бешад, ин х,олатро ба набудани талабгор ва ба табиати шоирй алокд надоштани саховат вобаста мекунад. Назару андешаи у якднан акддаи адибони асри ХШ-замони харобии Хуросону Мовароуннахру-марокизи кддимии шеъри форси ва кдсодии бозори шеъру сухан буд. Дар хдкдкдт, омузиши ашъори шоирони ин давр собит месозад, ки кам шудани химоятгарони шеъру сухан асоси шикоят ва мушкилоти рузгори шоирони ахди мугул будааст.

Бо вучуди костагии бозори мадехасарой кдсида хдмчун к,олаби шеърй ва хосатан шеъри мадхй дар эчодиёти шоирони ин давра истифода гардидааст. Мачмуи ашъори мадхй аз чихати мавк,еи эчодии шощюн ба ду даста таксим мешавад: 1. Кдсидаи шоирони касбии маддох,. 2. Шоирони мансуби равияхри дигар, махсусан тасаввуфу ирфон ва панду андарз, ки шеъри мадхй хдм гуфтаанд. Ба дастаи аввал шоирон: Асириддини Умонй, Рукни Даъвидор, Саъиди Хдравй, Сирочии Сагзй, Мачди Хдмгар, Имомии Хдравй, Бадри Чрчармй, Сирочи Кумрй,- Хдсани Мутакаллим, Бадри Чочй, Рукни Сойини Хдравй, Ибни Ямини Фарюмадй, Убайди Зоконй, Салмони Совачй, Ч,алоли Табиб ва амсоли онхр шомил мешаванд. Гурухи дуюмро шоироне ташкил менамоянд, ки ба дарборхр сахт вобаста набошанд хам, кдсидаи мадхй гуфтаанд. Ба ин гурух, Фахриддини Ирокд, Шайх Саъдй, Султон Валад, Х умоми Табрезй, Амир Х,усайнй, Авхадии Марогй, Хочуи Кирмонй, Имоди Фак,ех, Носири Бухорой ва теъдоди дигари шуарои хурду бузургро нисбат додан мумкин аст. Баъзе шуароро ба дастаи шоирони мазхабй мансуб донистан лозим аст, ки Низории Кухдстонй ва Хдсани Кошй аз ин чумла махсуб мегарданд. Низорй пайравй мазхдби исмоилй ва Хдсани Кошй сарояндаи васфи дувоздах. имом будаанд. Дар мавриди услуб ва хусусиёти бадеии кдсида дар фасли чудогона таваккуф хохем кард. Дар ин фасл, ки марбут ба хусусиёти мадх, аст, мо суханро аз шоири нуктасанчи асри XIII Саъдии Шерозй огоз менамоем.

Похожие диссертации на Касыда и её традиции в персидско-таджикской поэзии XIII-XIV веков