Электронная библиотека диссертаций и авторефератов России
dslib.net
Библиотека диссертаций
Навигация
Каталог диссертаций России
Англоязычные диссертации
Диссертации бесплатно
Предстоящие защиты
Рецензии на автореферат
Отчисления авторам
Мой кабинет
Заказы: забрать, оплатить
Мой личный счет
Мой профиль
Мой авторский профиль
Подписки на рассылки



расширенный поиск

Жизнь и творчество Махзуни Самарканди Сироджова Нигина Фатхиддиновна

Жизнь и творчество Махзуни Самарканди
<
Жизнь и творчество Махзуни Самарканди Жизнь и творчество Махзуни Самарканди Жизнь и творчество Махзуни Самарканди Жизнь и творчество Махзуни Самарканди Жизнь и творчество Махзуни Самарканди Жизнь и творчество Махзуни Самарканди Жизнь и творчество Махзуни Самарканди Жизнь и творчество Махзуни Самарканди Жизнь и творчество Махзуни Самарканди
>

Данный автореферат диссертации должен поступить в библиотеки в ближайшее время
Уведомить о поступлении

Диссертация - 480 руб., доставка 10 минут, круглосуточно, без выходных и праздников

Автореферат - 240 руб., доставка 1-3 часа, с 10-19 (Московское время), кроме воскресенья

Сироджова Нигина Фатхиддиновна. Жизнь и творчество Махзуни Самарканди : Дис. ... канд. филол. наук : 10.01.03 : Душанбе, 2003 144 c. РГБ ОД, 61:04-10/753

Содержание к диссертации

МУКДЦДИМА 3

БОБИ I. ТАРЧУМАИ Х,ОЛ ВА МЕРОСИ АДАБИИ МАХЗУНИ САМАРКДНДИ

Фасли аввал.

Тарчумаи доли Махзуни Самаркандй.

Фасли дуввум.

Мероси адабии Махзуни Самарканді!.

БОБИ П.МАВЗУЪ ВА МУНДАРИЧДИ АШЪОРИ МАХ,ЗУНИ САМАРКДНДИ 34

Фасли аввал

Мавзуи ишку мухдббат дар ашъори Махзуни Самаркандй. Фасли дуввум

1 .Масъалахои ичтимой дар ашъори Махзуни Самаркандй.

Рояхои эътирозй ва шикоятй дар ашъори шоир.

2.Танкиди зухди риёй ва мазаммати зохидони зохирпараст дар осори шоир.

З.Тасвири бори гарони зиндагй ва масъалаи ойилавй дар ашъори Махзуни Самаркандй.

Фасли саввум.

Масоили тарбияви ва ахлокй дар ашъори шоир. Мавзуи факру каноат ва сарзаниши тамаъ.

Фасли чахорум.

Мавзуи динй дар ашъори Махзуни Самаркандй.

БОБИ Ш.МАСЪАЛАИ СОХТ ВА УСЛУБИ АШЪОРИ МАХЗУНИ САМАРКАНДЙ 102

ХУЛОСА 134

КИТОБНОМА 137 

Введение к работе

Дар нимаи дуюми асри XVLLI ва ибтидои асри XIX дар арсаи адабиёти форсии точикй шоирони зиёде ба майдон омаданд, ки бисёрии онх,о сохибдевон буда, аз худ мероси арзанда боки гузоштаанд. Ин ахд аз чихати теъдоди шуарову девонхои ашъор яке аз даврахои пурмахсули адабиёти точик ба шумор меравад. Аз ин чост, ки донишмандони зиёд ба тахкик ва баррасии адабиёти ин давра ру овардаанд. Омузиши адабиёти ин давра аз китоби «Намунаи адабиёти точик» (41)-и устод Садриддин Айнй шуруъ шуда, баъдан дар тахкикотхои Е.Э.Бертельс (67), И.С.Брагинский (70), А.Мирзоев (86), Х.Мирзозода (88), Н.Маъсумй (80) Ш.Хусейнзода (122), Р.Хдцизода (117; 121), САмиркушов (50,51,52,53,54,55,56,57,58), У.Каримов (47,74,75,76,121), А.Абибов (5,6,7,26,46.121), С.Саъдиев (121,98-99), С.Сиддиков (121,183), А.Кдюмов (115), С.Султонов (102, 103), Э.Шодиев (ПО), Р.Мукимов (121, 206), Яъкубов (113), А.Зухуриддинов ва дигарон идома ёфтааст. Дойр ба дарачаи омузиши адабиёти нимаи дуюми асри XVIII ва аввали асри XIX дар асархои С.Амиркулов (51, 1-8, 52, 3-4, 93-94; 50, 3-8), А.Абибов (46, 15-34) ва хусусан У.Каримов (74, 6-13) батафсил сухан рафтааст. Бо вучуди руи кор омадани ин хама тадкикот, бояд гуфт, ки на хама суханварони ин ахд мавриди омузиши чиддй карор гирифта, макому манзалати эшон дар таърихи адабиёт муайян гардидааст. Яке аз ин кабил шоирони сохибдевони ин ахд Махзуни Самаркандй мебошад, ки мероси адабии у дар тахаввули адабиёти давраи номбурда накши мухим дорад.

То ёфт шудани девонаш номи ин шоир дар адабиёти илмй зикр нагардида буд, шояд аз он сабаб бошад, ки дар маъхазхои адабию таърихй дар бораи у маълумоте дарч нашудааст. Дар «Намунаи адабиёти точик»-и устод С.Айнй, ки ба шоирони мовароуннахрй бахшида Шумораи аввали раками китоб мувофики тартиби китобнома, шумораи дуввум ба сахифаи китоб ишора мешавад.

шудааст, аз Махзун ёд намешавад. Маълум мешавад, ки устод С.Айнй аз девони Махзун хабар надоштааст.

Баррасии маъхазх,ои адабию таърихй ва тадк,ик,отхои мавчуда нишон дод, ки аз нимаи дуюми асри XVIII то ибтидои асри XIX ба чуз аз Махзуни Самаркдндй боз се шоир бо тахаллуси «Махзун» ва як шоира бо тахаллуси «Махзуна» шеър гуфтаанд. Ду нафари онхо бо Махзуни Самаркдндй дар як замон зиндагй ва эчод кардаанд. Яке Махзуни Уйчигй мебошад, ки тибки маълумоти тазкираи Фазлии Намангонй дабири дарбори амир Умархон (1809-1822) буда, «аз хони атои амир» зиндагй мекардааст, вале вай дар вакти зикри ин маълумоти Фазлй дар кайди хаёт набудааст. Инак, маълумоти овардаи Фазлй:

Ё худ чои дигар мегуяд:

Фазлии Намангонй танхо як газали узбекии ин шоирро ба тарики намуна овардааст, ки матлаъаш ин аст:

Кдчон ким лаъли нобинг сузда майли нушханд эттй, Хдзин чону кунгулни талхкому дардманд эттй. (30,424) Дигараш Мехрубон ном шоираи машхури ин ахд аст, ки бо тахаллуси «Махзуна» дар Хуканд зиндагй ва эчод кардааст. Дар бораи у Фазлии Намангонй дар «Мачмуат-уш-шуаро» чунин гуфта:

Дар охири китоб бошад мушоираи туркии худро бо Махзуна намуна овардааст (32,484). Дар бораи Махзуна Точи Усмон дар «Бисту се адиба» (105, 96) ва Т.Чдлолов дар «Узбек шоиралари» сухан гуфтаанд (123, 117-128).

Ду нафари дигар, ки бо тахаллуси «Махзун» шеър гуфтаанд, наздик ба замони зиндагии Махзуни Самаркдндй умр ба cap бурдаанд. Яке Мулло Арбоб мутахаллис ба Махзун мебошад, ки аз шуарои доираи адабии Бадахшон буда, соли 1860 дар хамон чо вафот кардааст. Амирбек Абибов дар «Ганчи Бадахшон» дар бораи ин шоир маълумот додааст (7,239). Дигар Мулло Садриддин валади Чдлолиддин аз шоирони охири асри XIX ва ибтидои асри ХХ-и Дарвоз мебошад, ки низ бо тахаллуси Махзун шеър гуфтааст. Дар бораи рузгор ва осори ин шоир А.Абибов дар «Ганчи парешон» сухан кардааст (6,104). Аммо ин шоирон ба чуз аз хамтахаллус будан бо шоири мавриди тахдики мо х,еч як алокае надоранд.

Нахустин маротиба аз Махзуни Самаркдндй ва девони у дар «Каталоги дастхатхои шаркии АУ Точикистон» ёд шудааст. Мураттибони фехристи номбурда исми шоирро Мулло Садриддин оварда, мухтасар дар бораи сохту тартиб ва холати кунунии девонаш маълумот додаанд (73,123). Аммо аввалин касе, ки дар бораи Мах,зуни Самаркандй ва ашъори у тадкикот бурдааст, У.Каримов мебошад. Мухаккики номбурда дар китоби хеш «Адабиёти точик дар нимаи дуюми асри XVIII ва аввали асри XIX», ки соли 1974 ба нашр расидааст, чандин маротиба аз Махзуни Самаркандй ёд намуда, хангоми баррасии хаёти адабй ва мухтавои осори шоирони давраи номбурда аз ашъори шоир намунахои шеърй меорад (74,32), У.Каримов дар ин китоби худ кдйд мекунад, ки дар «Баёзи чомеъ» аз ашъори Махзун намунахо дарч шудааст (74,39). Дар кисми дуюми китоби «Адабиёти точик дар нимаи дуюми асри XVIII ва аввали асри XIX», ки аз тарафи муаллифони гуногун навишта шудааст, фасли алохида дойр ба хаёт ва эчодиёти Махзуни Самаркандй хает, ки он хам ба калами У.Каримов тааллук дорад. Мухакдик истифода аз маълумотхои дар девони шоир буда, рузгори уро то андозае муайян карда, мавзуъ ва мундаричаи ашъори шоирро мавриди тахкик, карор додааст (47,93-108). Хдмчунин, У.Каримов дойр ба ахвол ва ашъори Махзуни Самаркандй дар Энциклопедияи Советии точик (Ш, 298) ва Энциклопедияи адабиёт ва санъати точик (112,220) мухтасар маълумот додааст.

Дар китоби дарсии «Адабиёти точик. Асрхои XVI-XIX ва ибтидои асри XX» хангоми баррасии хаёти адабии нимаи дуюми асри XVIII ва ибтидои асри XIX аз Махзуни Самаркандй ва ашъори у сухан рафтааст (121, 233). Субхон Амиркулов дар китоби «Тахаввули адабиёти точик дар нимаи якуми асри XIX» хангоми тахкики тахаввули чараёнхои адабй дар нимаи якуми асри XIX аз ашъори Махзуни Самаркандй иктибос овардаанд (50,35,91,130).

Девони Махзуни Самаркандй дар Института шаркшиноей ва мероси хаттии АУ Точикистон тахти раками 613 мавчуд аст. Аммо мураттибони фехристи дастхатхои шаркии АУ Точикистон номи шоирро сахван Мулло Садриддин овардаанд. У. Каримов низ дар кисми аввали китоби «Адабиёти точик дар нимаи дуюми асри XVIII ва аввали асри XIX» номи Махзуни Самаркандиро Мулло Садриддин овардааст (74,32). Гумон меравад, ки хам мураттибони фехристи дастхатхои шаркии АУ Точикистон ва хам У.Каримов такя ба ахбори «Тазкират уш-шуаро»-и Хрчй Неъматуллохи -7 Мухтарам номи Махзунро Мулло Садриддин овардаанд. Аммо дар тазкираи Мухтарам на аз Махзуни Самарканді!, балки аз Махзуни Дарвозй сухан рафтааст:

Cc - Js иґ ЧГ у оЬ»- " (г 7, зз/)

У.Каримов дар кисми дуюми китоби «Адабиёти точик дар нимаи дуюми асри XVIII ва аввали асри XIX» аз ин иштибох пай бурдааст, ки дигар исми Мулло Садриддинро ба Махзуни Самарканді! нисбат надодааст, вале «Баёзи чомеъ», ки дар он 11 газал ва 9 мухаммаси Махзун дарч гардидааст, аз назари мухаккик дур мондааст. Хол он ки худи хамин муаллиф дар чилди аввали китоби зикршуда аз ин баёз ва намунаи ашъори дар он будаи Махзун сухан гуфтааст (74,39).

Он чй дар адабиёти илмй дойр ба Махзуни Самаркандй буд, хамин аст. Аз ин чо маълум мешавад, ки дар адабиётшиносии точик хаёт ва эчодиёти Махзуни Самаркандй ба таври бояду шояд омухта нашуда ва мавкею макоми у дар адабиёти нимаи якуми асри XIX муайян нагардидааст. Расул Хрдизода дар сарсухани китоби «Адабиёти точик дар нимаи дуюми асри XVIII ва аввали асри XIX» бархак таъкид карда буданд, ки «Хдр яке аз ин шоирон (максуд шоирони давраи зикршуда.-С.Н.) кобили он аст, ки дар оянда мукаммалтар ва чукуртар тадкик ва тахкик шаванд, то ки маком ва мавкеи онхо дар чараёни адабии давр муайян гардад» (121,4).

Х,адафи асосии рисола хдмачониба тахкик ва тахлили хаёт ва эчодиёти Махзуни Самарканді! аст. Барои халли пурраи мавзуъ мо дар назди худ вазоифи зеринро гузоштем:

-тадкикд хаёт ва эчодиёти Махзун;

-муайян кардани мавкеъ ва макоми шоир дар адабиёти нимаи якуми асри XIX;

-баррасии мавзуъ ва мундаричаи гоявии ашъори шоир;

-муайян кардани сохт ва услуби бадей ва шеваи баёни шоир.

Асосхои методологи ва назарияи тадкикотро принципи мукоисавй-таърихии тахлили илмй, тадкики типологии жанрхо ва поэтикаи сухани адабй ташкил мекунад. Мо хднгоми тадкики мавзуъ тачрибаи андухтаи олимони ватанию хоричй, амсоли С.Айнй, Е.Э.Бертельс, И.С.Брагинский, Д.С.Лихачёв, А.Мирзоев, Х.Мирзозода, Р.Хрдизода, А.Афсахзод, С.Амиркулов, У.Каримов, А.Абибовро сармашки кори худ карор додем.

Рисолаи мо дар заминай маълумоти сарчашмахои адабию таърихй, фехристи китобхонахои ватанию хоричй, девону баёзхои асрхои XVIII -XX, алалхусус девони Махзуни Самаркандй навишта шудааст.

Рисола аз мукаддима, се боб, хулоса ва китобнома иборат аст.